• Сб. Окт 23rd, 2021

Роналду барои тамрин бо муҳофизонаш меояд

Автор:Sohibnazarzada Firdavs

The Sun хабар медиҳад, ки ҳамлагари португалӣ «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду ба тамрини дастаи худ дар Bentley Flying Spur бо арзиши тақрибан 300,000 евро омадааст. Ҳамлагари 36-соларо муҳофизон ҳамроҳӣ мекарданд.

Пас аз бозгашт ба Манчестер Юнайтед, бозингари португалӣ дар ҳар бозӣ гол мезанад. Дар бозии даври 4-уми Премйер-лига бо Ньюкасл (4: 1) ӯ дубл кард, сипас дар бозии даври 1-уми Лигаи Чемпионҳои УЕФА-мавсими 2021/2022 ба дарвозаи Янг Бойз як гол зад (1: 2) Дар даври 5 -уми Премйер лига футболбози португалӣ ба дарвозаи Вест Хэм (2: 1) гол зад.