• Сб. Окт 23rd, 2021

ПСЖ БИДУНИ МЕССӢ ҒАЛАБА БА ДАСТ ОВАРД

Автор:Sohibnazarzada Firdavs

Дар бозии даври 8-уми Лигаи 1-и Фаронса ПСЖ бар Монпелли пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Прак де Пренс дар Париж сурат гирифт ва бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт.

Дар дақиқаи 14 — ум голи аввалро нимщимоятгари Париж Идрисса Гуэй зад. Голи дуюми Парижиёнро бошад нимҳимотгари дигари даста Юлиан Дракслер зада ҳисобиро 2:0 кард.

Ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси бар асари ҷароҳат доштанаш дар ин бози ширкат накард.

ПСЖ дар ҳашт бозӣ 24 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқоти лигаи Фаронса дар ҷои аввал аст. Монпеллие (9) имтиёз дошта дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои 11 -ум аст.