• Сб. Окт 23rd, 2021

Истаравшан барои як хатои доварон дар чемпионат холҳоро аз даст дод.

Автор:Sohibnazarzada Firdavs

Бо қарори кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, сар довар ва ёвари аввали доварони бозии даври бистуми чемпионати Coca-Cola Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ “Куктош”-“Истаравшан” (2: 1), ки 22 сентябр дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, барои якчанд давр аз доварӣ маҳрум карда шуданд …

Пас аз тамошои видеои ин вохӯрӣ маълум шуд, ки доварони асосӣ Насим Ҳамидов ва ёвари аввали ӯ Комил Раҳмонов дар дақиқаи 77 иштибоҳан голи дуруст задашудаи Истаравшанро ба дарвозаи Куктош бекор карданд, ки дар ниҳоят ба натиҷаи бозӣ таъсир расонд.

Бар асоси ин, барои вайрон кардани Кодекси интизомии довар, Кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки Комил Раҳмоновро ба се давр ва ёвари ӯ Насим Ҳамидовро барои ду давра аз хидмати ҳама бозиҳо таҳти сарпарастии Лигаи футболи Тоҷикистон хориҷ кунад.

Манбаъ: ФФТ