• Сб. Окт 23rd, 2021

Фати Баъди 10 моҳ ба Барселона пирӯзӣ овард

Автор:Sohibnazarzada Firdavs

Имрӯз, 26 сентябр, дар варзишгоҳи Камп Ноуи Барселона, дар доираи даври 7 -уми лалигаи испаня, Барселона дар майдони худ Леванте -ро қабул кард. Мизбонон бо ҳисоби 3-0 ғалаба карданд.

Ҳисоб дар дақиқаи 6 -уми вохӯрӣ кушода шуд. Ҳамлагари дастаи мизбон Мемфис Депай аз ҷаримаи 11-метра гол зад.

Дар дақиқаи 14 -уми бозӣ Лук де Йонг як голро ба самар расонид, ки ба ӯ паси головаро Сергино Дест партофт кард. Ин аввалин голи Лук де Йонг дар Барселона аст.

Дар охирини бозиро дар нимаи дувум Фати ба самар расонд. Ҳамлагари ҷавон бар асари ҷароҳат зиёда аз 10 моҳ бозӣ накарда буд ин аввалин бозии ӯ баъди сиҳат шуданаш аст.

Ба вохӯрӣ ҳайати доварон таҳти роҳбарии Исидро Диас де Мера Эскудерос хизмат мекард. Ба ӯ ёварон Рубен Бекеррил Гомес ва Диего Сантурсула Агадо кумак карданд. Довари эҳтиётӣ — Виктор Перес Пераса.