• Сб. Окт 23rd, 2021

Барселона барои дароз кардани шартнома бо Дембеле омодааст

Автор:Sohibnazarzada Firdavs

Барселона шояд шартнома бо Усмон Дембелеро ба як чанд соли дигар дароз кунад. Роҳбарияти клуби каталонӣ бо агенти фаронсавии 24-сола гуфтушунид дорад.

Бино ба маълумоти Sport.es, Барса барои Дембеле ду варианти шартнома омода кардааст: то соли 2024 бо коҳиши маош ва то соли 2025, аммо бо кам кардани маош.Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳамлагар метавонад дар миёнаҳои моҳи октябр пас аз ҷароҳат ба вазифаи худ баргардад, аммо то ҳол хабари расми дар бораи кай ба майдон баромадани ин бозингар хабаре паҳн нашудааст.